Бо мақсади афзоиши қисмати ларомади бюҷет ислоҳот дар бахши андози иқтисоди Тоҷикистон тавассути ҳавасмандсозии андозсупорандагон идома меёбад.
Дар ин бора зимни мулоқот бо узви парлумони Бритониёи Кабир Найҷел Миллс, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши низоми андозбандӣ ташриф овардааст, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова маълумот дод.
Ба қавли ӯ, айни замон гурӯҳи корӣ машғули таҳияи Кодекси нави андози Тоҷикистон аст, ки ба ҳайати он кормандони бонкҳо, намондагони мақомоти давлатӣ, Иттиҳодияи миллии тиҷоарти миёна ва хурд ва ҳамчунин созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ шомил мебошанд.
Ӯ гуфт, айни замон Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ҳудуди 20 созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расонидааст. Кислякова ба Н. Миллс пешниҳод кард, ки таҳияи созишномаи ба ин монанд бо Бритониёи Кабир баррасӣ шавад.
Намояндаи парлумони Бритониё омодагии кишварашро ба густариши ҳамкориҳо изҳор намуда, таъкид сохт, ки бо мақсади муқоисаи низомҳои андози ду кишвар омӯзиши дақиқи Кодекси кунунии андози Тоҷикистон зарур аст.
Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаи нави Кодекси андоз мавриди таҳия қарор дорад. Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти сарварии вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар қарор гуфта мешавад, лоиҳа на дертар аз 1-уми апрели соли 2012 бояд таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардад.



“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста