Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро тавассути хати интиколи барқи 220 кВ «Сантӯда-Пули Хумрӣ» соли равон оғоз мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, рӯзи 8-уми октябр дар маросими ифтитоҳи ин хат аз иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай интизорӣ меравад.
«Хати интиқоли барқ барои истифода омода аст. Зеристгоҳи Пули Хумрӣ низ омода буда, корҳо дар Қундуз охири сол ба анҷом мерасанд, вале ин ба оғози интиқоли барқ тавасстуи ин хат халал намрасонад», - гуфтанд дар ширкат.
Бино ба маълумоти ширкат, дар марҳилаи нахуст ба Афғонистон то нимаи баҳор интиқоли на 300 МВт-и қаблан мувофиқашуда, балки аз 10 то 30 МВт нерӯи барқи Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
«Ҷонибҳо ҳоло бобати дар фасли зимистон интиқол додани барқ ба Афғонистон ба мувофиқа нарасидаанд, зеро дар ин давра худи Тоҷикистон ба камбуди барқ дучор мешавад. Ҳамааш ба имконоти мо вобаста хоҳад буд, - мегӯяд ҳамсӯҳбат. – Пешакӣ гуфта метавонам, ки ба Афғонистон нерӯи барқи дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» истеҳсолмешуда интиқол дода мешавад».
Номбурда зикр кард, ки феълан нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои нерӯи барқи худ қимати баланд – ҳудуди 2,5 сент пешниҳод мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши барқ дар Тоҷикистон барои 1 кВт/соат аз 1,8 сент боло нарафтааст. Др робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки иқтидорҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои содирот истифода хоҳанд шуд ва нерӯи барқ бо қимати аз 3,1 то 3,5 сент фурӯхта мешавад.
«Ин кор баҳри он амалӣ мегардад, ки бозори хурд, вале ояндадори Афғонистон аз даст наравад. Пас аз амалишавии лоиҳаи CASA-1000 Афғонистон тамоми сол бо нерӯи барқи Тоҷикистон таъмин мегардад», - гуфтанд дар ширкат.
Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ интиқол медиҳад. Нерӯи барқи Тоҷикистон танҳо ба шаҳри Қундуз дар ҳаҷми 15 МВТ дар як соат тавассути хати Панҷи Поён интиқол меёбад.
Барои муқоиса: айни замон танҳо дар шаҳри Душанбе дар як беш аз 500 МВт нерӯи барқ истифода мегардад.
Сохтмони хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» соли 2009 тибқи қарзи имтиёзноки пешниҳоднамудаи Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми 21,5 млн. $ ба Тоҷикистон ва 35 млн. $ ба Афғонистон шурӯъ шуд.
Қисмати хати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2010 ба итмом расида буд. Cохтмони қисмати хат дар Афғонистон (162 километр) шояд ахири соли равон пурра ба анҷом расанд.
Лоиҳаро ҳамчунин Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт – ОПЕК, Бонки исломии рушд, Хазинаи нақшавӣ оид ба барқароркуниву таҷдиди Афғонистон ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон низ маблағгузорӣ мекунанд.
Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, арзиши нерӯи барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 3,5 сент барои як киловатт-соатро ташкил дода, он ҳамасола ба миқдори 2% афзоиш меёбад ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши 1 киловатт соат барқи Ӯзбекистонро Афғонистон ба қимати 7,5 сент мехарад.
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста