Кишоварзони Тоҷикистон ният доранд, ки ахири ҳафтаи равон аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда расонанд. То имрӯз аз заминҳои кишти пунбадона 372 ҳазору 825 тонна ҳосил ҷамоварӣ гардидааст, ки 95,6%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба хамин давраи соли гузашта ба миқдори 131,7 ҳазор тонна зиёдтар аст. Рӯзи 10-уми октябр пахтакорони кишвар ба миқдори 1,2%-и нақша ҳосил ғундоштанд.
То ба имрӯз деҳқонони вилояти Хатлон 251,4 ҳазор (96,5%-и нақша), Суғд 98,1 ҳазор (93,5%-и нақша) ва ноҳияҳои тобеи марказ 23,2 ҳазор тонна (95,2%-и нақша) ҳосили пахта ҷамъоварӣ карданд.
Аллакай 18 ноҳияи пахтакори кишвар аз ӯҳдаи иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромада, айни замон илова ба нақша ҳосил меғундоранд.
Соли равон дар Тоҷикистон бояд 390 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардад, ки нисбат ба соли гузашта 80 ҳазор тонна бештар аст. Аммо дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Бори нахуст дар таърихи истиклолияти кишвар пахтакорон дар нимаи моҳи октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро мерасонанд. Маъмулан нақша моҳи ноябр ба иҷро мерасид. Ҳосили пунбадона то боридани барфи аввал ҷамъоварӣ мегардад.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста