Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар минтақаҳои кишвар расман реҷаи маҳдуди таъмини барқро ҷорӣ намуд.
Сухангӯйи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки нерӯи барқ дар як ҳаҷми муайян ба манотиқи кишвар интиқол дода шуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунанд.
Ба қавли вай, шурӯъ аз санаи 12-уми октябр шабонарӯзӣ вилояти Суғд дар ҳаҷми ҳудуди 5 млн., Хатлон – 4,5 млн. ва шаҳри Душанбе – 4,7 млн. кВт/соат бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.
«Тибқи ҳисобу китоби мутахассисони ширкат, дар сурати сарфакорона истифода бурдани ин миқдор нерӯи барқ, он бояд барои таъмини аҳолӣ ва иншооти саноатии минтақаҳо ба муддати 10-12 соат дар як шабонарӯз кофӣ бошад», - гуфт ӯ.
Ёдгорӣ бори дигар хотиррасон намуд, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди таъмини барқ пешбинӣ нашудааст.
Сабаби асосии ба ин амал даст задани ширкатро ӯ ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш марбут донист, зеро субҳи имрӯз сатҳи ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахш 337 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин рӯзи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 440 метри мукааб дар як сония баробар буд.
«Агар рӯзи 5-уми октябр дар кишвар 36 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардида бошад, пас имрӯз ин ҳаҷм то 34 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз поин рафт», - зикр кард сухангӯйи ширкат. Ӯ ёдрас кард, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли барқ дар кишвар 37-38 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медод.
Ёдгорӣ таъкид кард, ки тамоми ин чорабиниҳо баҳри «дар фасли зимистон ба мушкилоти шадиди таъмини барқ дучор наомадан» пеш гирифта шудаанд. «Соли равон бинобар камобии рӯдхонаи Вахш мо аз санаи 26-уми сентябр ба истифодаи захираҳои оби обанбори Норак шурӯъ кардем, соли гузашта бошад, танҳо санаи 27-уми октябр ин кор оғоз гардида буд», - изҳор кард Ёдгорӣ.
Соли гузашта реҷаи маҳдуди таъмини барқ дар ҷумҳурӣ санаи 2-юми ноябр ҷорӣ гардида буд. То фасли баҳор минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз 10 соат бо барқ таъмин мегардиданд. Шаҳрҳо аз ҷорӣ шудани чунин реҷа эмин монда буданд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста