Ҳавопаймои «Боинг 737-900»-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози аввали худро анҷом дода, аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Санкт-Петрбург 96 нафар ва аз он ҷо ба пойтахти Тоҷикистон 172 нафарро ба нуқтаи таъинот расонид.
Тавре хадамоти матбуоти ширкати хабар медиҳад, аз ӯҳдаи идораи ҳавопаймо гурӯҳи халабонону командирон, кормандони техникиву стюардессаҳо - Файзулло Сатторов, Ҷӯрабек Умаров, Азамат Тӯраев, Хуршед Назаров, Фирӯза Юсуфова, Фирӯза Бердиева, Фирӯз Тошматов, Заррина Аҳмедова ва Темур Набиев ба хубӣ баромаданд.
«Боинг 737-900» аз ҳавопаймоҳои навтарин ва бузургтарини ин навъи ҳавопаймоҳо ба шумор рафта, дар таърихи 29-уми сентябри соли 2011 ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Ширкати «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият шурӯъ карда, ин ҳавопаймои чоруми мусофирбари он аст.
Ҳавопаймо дар корхонаи истеҳсолкунанда, дар шаҳри Сиэтли ИМА бо фармоиши махсуси ширкат бандубаст ва омода гардида, 184 ҷойи нишаст дорад. Ин ҳавопаймо барои таъмини парвоз ба хатсайрҳои масофаашон тӯлонӣ, аз қабили Душанбе-Франкфурти Майн, Душанбе-Дубай, Душанбе-Истамбул, Душанбе-Ҷидда, Душанбе-Урумчӣ, Душанбе-Маскав, Душанбе-Санкт-Петербург ва хатсайрҳои аз ҷониби ширкат пешбинишудаи Душанбе-Бангкок ва Душанбе-Сеул истифода карда мешавад. Ба ҳавопаймо номи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Шириншо Шотемур гузошта шуд.
«Дохили ҳавопаймо ба ҷуз таҷҳизоти маъмулӣ, бо услуби миллӣ оро дода шуда, он бо низоми мултимедиа муҷаҳҳаз шудааст. Акнун мусофирон ҳангоми парвоз метавонанд вақти худро бо шунидани мусиқӣ, филм ё бозии дӯстдошта паси сар намоянд», - гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти ширкат.
Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.




Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста