Дар ҷараёни баргузории конференсияи омодагӣ «Ба пешвози конференсияи СММ оид ба рушди устувор (РИО+20): масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» дар шаҳри Душанбе муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи обро дастгирӣ мекунад.
«Тайи даҳсолаи ахир бо назардошти рушди иқтисод ва афзоиши шумори аҳолӣ мушкилоти таъминот бо об ҳарчи бештар эҳсос гардида, таъсири тағйири иқлим ба захираҳои обӣ ва коҳиши минбаъдаи захираҳои он ин мушкилотро боз ҳам печидатар месозад», - гуфт вай.
М. Алимардон зикр кард, ки ҷомеаи чаҳонӣ ин мушкилотро ҳамеша таҳти назорат қарор дорад ва ҷиҳати беҳбуди вазъ дар ин соҳа чораҳои амалӣ меандешад.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти мазкур як қатор иқдом пешниҳод кард, ки аксари кишварҳои дунё аз он пуштибонӣ намуданд. Моҳи декабри соли 2009 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаъи кулли СММ соли 2013-ро Соли байнулмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон кард.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар ҳалли мушкилоти истифодаи захираҳои обӣ таҳкими муколамаву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои шарикӣ нақши муҳим дорад.
«Бинобар ҷой надоштани ҳамкориҳои судманд дар ин соҳа аксари мушкилот ҳалношуда боқӣ монда, дар ниҳояти кор ҳамаи ин ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои дорои ҳавзаи умумии обӣ таъсири манфӣ мерасонад», - иброз дошт М. Алимардон.
Ба андешаи М. Алимардон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об метавонад ба инкишофи «иқтисоди сабз» саҳми босазо гузорад, ки ба раҳо ёфтани рушди иқтисод аз нафту газ ва ангишт ва истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия асос ёфтааст.
«Бахусус ин вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баръало ба мушоҳида мерасад. Дар ин минтақа кишварҳои болооб – Тоҷикистону Қирғизистон аз захоири ғании обӣ бархӯрдоранд, ки 80%-и сатҳи ҷоришавии баҳри Аралро ташкил медиҳанд. Кишварҳои поёноб – Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дорои сарчашмаҳои бузурги захирафи нафту газанд. Аз ин рӯ, барои кишварҳои болооб сарчашмаи асосии истеҳсоли энергия гидроэнергетика буда, барои кишварҳои поёноби минтақа нафту газ ва ангишт аст», - изҳор кард М. Алимардон.
Ба қавли М. Алимардон, дар минтақа имконоти бузурги гидроэнергетикӣ мавҷуд аст, ки захираҳои он танҳо дар Тоҷикистон ба андозаи се баробар аз эҳтиёҷоти минтақа зиёданд. «Айни замон ин имконот дар ҳаҷми 527 млрд. кВт/соат ҳамагӣ ба андозаи 3-4% истифода мешавад ва азхудкунии минбаъдаи он на танҳо ба коҳиши ҳаҷми партовҳо ба фазо, балки ба сарфаи нафту газ ва ангишт ба таври назаррас низ имкон фароҳам месозад», - гуфт номбурда.
М. Алимардон ҳамчунин гуфт, рушди ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об метавонад барои истифодаи хубтари сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия заминаи боэътимод гузорад, ки яке аз таркибҳои асосии «иқтисоди сабз» ба шумор меравад.
«Ҳарчанд Тоҷикистон дорои захираҳои ғании обӣ бошад ҳам, мушкилоти коҳиши об дар ҷаҳонро нодида намегирад ва ҳамаҷониба кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаи рушди ҳамкорӣ оид ба об дар сатҳи минтақавӣ ва глобалиро дастгирӣ менамояд», - афзуд М. Алимардон.
Ёдрас мекунем, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ Конференсияи омодагӣ «Ба пешвози конференсияи СММ оид ба рушди устувор (РИО+20): масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» ба кор шурӯъ кард.
Вакил Миронов ихроҷи муҳоҷирони тариқи пора ҳузурашон қонунишударо пешниҳод намуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста