То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 103%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 1 ҳазор тонна (0,3%) пахта ҷамъоварӣ карда мешавад.
Др вилояти Хатлон ҳудуди 268 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз нақша 2,5% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор тонна бештар мебошад. Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз 110 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз нақша 5,5% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи хамин давраи соли гузашта 30 ҳазор тонна бештар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ зиёда аз 25 ҳазор тонна пахта ғунучин шудааст, ки аз нақша 3,2% зиёдтар аст.
Соли равон дар Тоҷикистон ҷамъоварии 390 ҳазор тонна ҳосили пунбадона пешбинӣ шуда буд. Аммо дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Бори нахуст дар таърихи истиклолияти кишвар пахтакорон дар нимаи моҳи октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро мерасонанд. Маъмулан нақша моҳи ноябр ба иҷро мерасид. Ҳосили пунбадона то боридани барфи аввал ҷамъоварӣ мегардад.
Соли равон ғунучини ҳосили пахта аввали моҳи сентябр огоз гардид. Соли гузашта бошад, бинобар номусоидии обуҳаво ғунучини ҳосил хеле дертар шурӯъ гардида буд.
Соли ҷорӣ дар майдони 205 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шуд. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме зиёдтар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста