Дар нишасти хабарии бахшида ба 5-умин солгарди таъсиси Бонки рушди Авруосиё дар шаҳри Алмаато раиси раёсати Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов изҳор кард, ки Бонки рушди Авруосиё аз сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон қаноатманд буда, минбаъд низ ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин кишвар омода аст.
Ӯ қайд кард, ки айни замон масъалаи маблағгузорӣ ба бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла таҷдиди техникии нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» мавриди баррасӣ қарор дорад.
«Агар мувофиқа ҳосил шавад, Бонки рушди Авруосиё (БРАО) ба дастгирии ин лоиҳа, ки садҳо миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, омода аст, зеро ин лоиҳа барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, мо ба дастгирии он қодирем», - гуфт вай.
И. Феногенов зикр кард, ки Тоҷикистон қисмати дуюми қарз аз Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС)-ро дархост накардааст, «зеро вазъи буҷет дар Тоҷикистон мусоид буда, ба ин кор зарурат нест». Қисмати аввали қарз аз Фонди зиддибӯҳронии ЕврАзЭС дар ҳаҷми 70 млн. доллари ИМА ба мӯҳлати 20 сол тобистони соли гузашта ба Тоҷикистон ҷудо гардида буд.
Ба гуфтаи Финогенов, айни замон БРАО ҳудуди 40 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ сохта, беш аз 3 млрд. доллари ИМА сандуқи сармоягузории андӯхтаро доро мебошад. Аз ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории бонк ба санаи 30-юми сентябри соли 2011 ба Русия 46,3; Қазоқистон – 36,5; Белорус – 10,1; Арманистон – 2; Тоҷикистон – 1,3 ва кишварҳои дигар – 3,8%-и маблағ рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт. Айни замон Русия, Қазоқистон, Белорус, Тоҷикистон ва Қирғизстон дар ҳайати он шомил мебошанд. Дар таърихи 22 июни соли 2009 Тоҷикистон ҳиссаи худ дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА-ро ба БРАО ворид сохта, узви комилҳуқуқи он гардид. Феълан ҳаҷми сармояи оинномавии БРАО беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста