Зимни нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми гуфтушуниди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳукумати Лаҳистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умеди Давлатзод, пас аз ҷаласаи якуми комиссияи байнихукуматӣ дар пойтахти Лаҳистон – шаҳри Варшава, ки соли гузашта доир гардид, як ширкати истеҳсоли коллекторҳои офтобӣ дар вилояти Суғд таъсис ёфта, он бо сармоягузории Лаҳистон ба фаъолият пардохт.
Ӯ зикр кард, ки миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистону Агентии иттилоот ва сармоягузориҳои хориҷии Лаҳистон Ёддошти ҳамкорӣ ба мизо расид.
«Таъмини амнияти ғизоӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди чорводориву моҳипарварӣ, омодасоззи мутахассисон тибқи меъёрҳои аврупоии таълимот ва ғайра аз ҷумлаи самтҳои асосиии ҳамкории тарафайн мебошанд», - гуфт Давлатзод.
Ба қавли номбурда, Лаҳистон барои панҷ лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон қарзи имтиёзнок ихтисос медиҳад, ки сохтмони зербинои аввалиндараҷа дар ду минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва Панҷ, корхонаҳои коркарди партовҳои маишӣ ва саноатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Ваҳдат аз ҷумлаи онҳо буда, истеҳсоли нерӯи барқ дар ин корхонаҳо пешбинӣ мегардад.
Ба гуфтаи муовини вазири иқтисоди Лаҳистон Рафал Баняк, зимни гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои имконоти рушди ҳамкориҳои минбаъда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи нишондиҳандаҳои муносибатҳои иқтисодиву табодули молу маҳсулот, ки феълан дар сатҳи паст қарор доранд, баррасӣ шуданд.
Баняк қайд кард, ки Лаҳистон аз рӯйи ҷараёни афзоиши иқтисод дар Аврупо дар мақоми аввал қарор дошта, дар соли душвори бӯҳронии соли 2009 Лаҳистон ягона кишваре миёни кишварҳои Аврупо буд, ки дар иқтисод ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид.
Ӯ ҳамчунин таъкид сохт, ки мувофиқи гузориши СММ Лаҳистон миёни кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи таваҷҷӯҳ ба сармоягузорӣ зинаи 6-умро ишғол менамояд.
«Ҳукумати Лаҳистон як қатор воситаву чорабиниҳоеро омода месозад, ки ба беҳбуди табодули тиҷорати дучониба мусоидат мекунад, - гуфт муовини вазири иқтисоди Лаҳистон. – Яке аз чунин чорабиниҳо пешниҳоди қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА аст. Чорабинии минбаъда – дастгирии содироти Лаҳистон аст. Бонки миллии Лаҳистон тавассути хатҳои қарзии бонкҳои воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон қарз дода метавонад».
Ба қавли вай, ҳукумати Лаҳистон соҳибкорони лаҳистониеро, ки аз вазъи бозори Тоҷикистон огаҳ шуданианд, дастгирӣ хоҳад кард. «Ояндаи наздик як ҳайати иборат аз намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони Лаҳистон ба Тоҷикистон сафар мекунад», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, Лаҳистон робитаҳои ҳамкорӣ дар минтақаро густариш доданист, аз ҷумла, тавассути Тоҷикистон хоҳони роҳандозии муносибатҳои ҳамкорӣ бо Афғонистон низ мебошад.




Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста