Аз маблағҳои пулӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки кишвар гузошта шуда буданд, 19 млн. 220 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин маблағҳо феълан дар бахши хазинадории Вазорати молияи кишвар, дар суратҳисоби ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» нигаҳдорӣ мешаванд.
«Дар маҷлиси умумии саҳҳомон масъалаи тақсимоти ин маблағ миёни саҳмдорон ҳал карда мешавад ё саҳҳомон дар бораи ба сохтмони иншоот равона гардидани маблағи фоида аз суратҳисобҳои депозитӣ қарор қабул мекунанд», - гуфтанд дар вазорат.
Маблағи ба суратҳисоби ҶСК «НОБ-и Роғун» аз фурӯши саҳмияҳо воридшуда ҳудуди 895 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали соли равон 65 млн. сомонӣ бештар аст.
Саҳмдори асосии ҶСК «НОБ-и Роғун» давлат буда, 75%-и саҳмияҳои назоратиро дар ихтиёр дорад ва он дар таносуби пулӣ 4,5 млрд омониро ташкил медиҳад. «Ин маблағҳо марҳила ба марҳила аз буҷет ба сохтмони нерӯгоҳ равона мегарданд, - гуфт манбаъ. – Ҳиссаи боқимондаи 25% ё 1,5 млрд. сомонӣ саҳмияҳои нашршуда мебошанд, ки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз он харидорӣ намоянд».
Бино ба маълумоти Вазорати молияи кишвар, айни замон дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки ҷумҳурӣ 237 млн. сомонӣ маблағҳои пули ҶСК «НОБ-и Роғун» ҷойгир шудаанд.
Шурӯъ аз оғози идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,5 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Соли 2012 барои идомаи сохтмони ин иншоот ҷудо гардидани 850 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷет пешбинӣ мешавад.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста