Кумитаи дахлдори парлумони Қирғизистон лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ, ки ба ширкати «Газпром нефт Азия» (корхонаи фаръии Газпром нефть) барои интиқол ва тақсими маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилии Қирғизистон ҳуқуқ медиҳад, маъқул шуморид.
Расонаҳои хабарии Қирғизистон бо истинод ба вазири энергетикаи кишвар Аскарбек Шодиев хабар медиҳанд, ки ширкати «Газпром» тавассути корхонаҳои фаръии худ маҳсулоти нафтиро ба Қирғизистон интиқол медиҳад.
Ширкати русиягӣ мустақилона ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Қирғизистонро назорат карданист, зеро гумон дорад, ки маҳсулоти ба Қирғизистон воридшуда баъдан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Дар созишнома пешбинӣ шудааст, ки ҳеҷ ягон ширкат ҳуқуқ нахоҳад дошт, ки бидуни иҷозати «Газпром» ба Қирғизистон маҳсулоти нафтӣ интиқол диҳад.
Вакили фраксияи «Ар-Намис» дар парлумони Қирғизистон Нурлан Торобеков изҳор кардааст, ки созишномаи мазкур ба Русия имкон медиҳад, ки ба корҳои дохилии Қирғизистон дахолат намояд.
Дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон сардори департаменти таҳлил, конъюнтура ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ Бахтиёр Назирматов гуфт, пас аз тасдиқи тавозуни мушаххаси маводи сӯзишворӣ, Тоҷикистон бобати интиқоли маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи гумрукӣ гуфтушунидро оғоз менамояд, вале ин гуфтушунид дар сатҳи болоӣ бояд сурат гирад.
Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки Тоҷикистон аз Русия каме камтар аз 1 млн. тонна маводи сӯзишворӣ дархост кард, вале Русия ба интиқоли 500 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ омода аст, ки аз нисф камашро бензин ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дар гуфтушуниди сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон ҳал мешавад. «Сарони кишварҳо метавонанд дар ин хусус ба мувофиқа расанд, ҳарчанд масъалаи таъмин бо маводи сӯзишворӣ метавонад дар маҷмӯи масъалаҳои дигари рӯзмарраи Тоҷикистону Русия ҳал шавад», - афзуд номбурда.




Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста