Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, иқтисод ва тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки ҷонибҳо дар аснои мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин таи солҳои охир иштироки фаъоли ширкатҳои бузурги чиниро дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар самараи нек арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ Фан Сянжун иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя, ки таъриху фарҳанги пурғановат доранд, ҳамчун Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта дар савдои хориҷӣ бо Тоҷикистон Чин пас аз Русия мақоми дуюмро ишғол кард.
Ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин дар соли гузашта ба беш аз 660 млн. доллари ИМА баробар шуд. Ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон зиёда аз 254 млн. доллари ИМА ва воридоти маҳсулоти Чин ба ҷумҳурӣ беш аз 406 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста