Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Раҳимҷон Носиров бо Раиси Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” Солим Убайд Ал Зоҳирӣ вохӯрӣ кард.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии хурди “Ванҷ” бо иқтидори 800 кВт/с, ки дар ноҳияи Ванҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, баррасӣ гардид.
Бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи “Зайд ибни Султон Оли Наҳаён” амалисозии лоиҳаи бунёди НОБ-и хурди “Ванҷ”-ро ба ӯҳда гирифт.
Дар фарҷоми гуфтушунид Солим Убайд Ал Зоҳирӣ изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкориҳо ба таҳкиму густариши муносиботи дӯстонаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб саҳм мегузоранд.
Ҳамчунин, вохӯрии Консули генералӣ Р. Носиров бо Мудири кулли Палатаи савдои аморати Дубай Ҳамад Буамим баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот оид ба мавзӯъҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург ва инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва аморати Дубай табодули афкор карда шуд.
Ҳамзамон, Консул Р. Носиров ба ҳамсӯҳбати худ дар бораи барномаву рӯзномаи Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) маълумот дода, намояндагони ширкатҳои бузурги тиҷоратии аморати Дубайро барои иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ даъват намуд.
Ба ғайр аз ин, дар Дубай мулоқоти Консули генералӣ Раҳимҷон Носиров бо Мудири намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай Абдураҳмон Аҳмад Ал Шамлон барпо шуд.
Зимни сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гузашта аз ин, Р. Носиров ҳамсӯҳбати худро бо рӯзномаву барномаи Конфронси RECCA-V, ки 26-27 марти соли 2012 дар ш. Душанбе барпо мегардад, ошно сохта, таъкид намуд, ки он барои барқарорсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон аҳамияти хос дорад. Ӯ тазаккур дод, ки иштироки ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ ба самаранокии кори он мусоидат хоҳад намуд.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста