Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон низоми ҷамъоварии андози калтакӣ ҷорӣ аст, ки ба фишор овардан ва истифодаи рафтори дағалона асос ёфтааст.
«Албатта, кормандони андоз ба корхонаву ташкилотҳои нисбатан бузург ва бонкҳо, ки дар онҳо низоми мӯътадили муҳосибӣ мавҷуд аст, фишор оварда наметавонанд. Аммо дар сатҳҳои поёнӣ бинобар сабаби мавҷуд набудани низоми муҳосибот, ҷамъоварии андоз ба табъи корманди андоз вобаста аст», - гуфт вай.
Вазир бар ин назар аст, ки феълан дар таҳияи Кодекси нави андоз боз ба ҳамон низоми куҳна такя карда мешавад. «Агар соҳибкорон аз низоми патенту шаҳодатномаҳо даст кашида, ба низоми мураттаби муҳосибӣ мегузаштанд, хеле хуб мебуд. Ин ба соҳибкороне дахл дорад, ки фаъолияташон дар як нуқтаи муайян сурат мегирад», - гуфт Ш.Рҳимзода.
Ба андешаи ӯ, шакли фаъолият тавассути патент ва шаҳодатнома дар мақомоти андоз барои замони низомӣ ва гузариш хос аст. «Фикр мекунам, ки ҳамаи соҳибкороне, ки дар як самти муайян фаъолият мекунанд, бояд шахсони ҳуқуқӣ бошанд, - мегӯяд вазир. – То замоне, ки онҳо шахси ҳуқуқӣ нагарданду низоми мураттаби муҳосибиро ҷорӣ насозанд ва то вақте ки дар мо дастгоҳҳои хазинавӣ пайдо нашаванду ҳамаи амалиётҳо аз қайд нагузаранд ва мо фарҳанги маъмулии ситонидани андозро наомӯзем, ҳамеша аз ҷониби мақомоти андоз таҳти фишор қарор хоҳем гирифт».
Ш.Раҳимзода таъкид кард, ки «агар ҳама низоми мураттаби муҳосибиро роҳандозӣ намоянд, метавон номгӯйи андоз ва меъёри фоиз ба онҳоро кам кард ва ҳамчунин дар маҷмӯъ ба кам шудани шумори санҷишҳо низ ноил гардид».
«Кумитаи андоз ва Вазорати молия аз он дар ташвишанд, ки ба иллати кам шудани номгӯйи андоз ва меъёри фоиз, онҳо наметавонанд ба иҷрои буҷет муваффақ шаванд, - иброз дошт вай. – Чун буҷет, ки иҷро нагардид, мо музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоиро пардохт карда наметавонем. Масалан, дар кишварҳои Аврупо бо роҳи зӯрӣ ва розӣ кунонидан ҳаҷми музли меҳнат ва нафақаро кам карда тавонистанд, вале мо чунин имкон надорем, зеро ҳаҷми музди меҳнат ва нафақа дар мо бе он ҳам ночиз аст».
Дар ҳамин ҳол, вазири рушди иқтисод таъсиси сохтори мутақилеро, ки бояд аз фаъолияти мақомоти андоз назорат барад, пешниҳод намуд.
«Дар баробари андозсупорандагон мақомоти андозситон низ бояд мавриди санҷиш қарор дошта бошад, - изҳор кард ӯ. – Мо бояд сохтореро таъсис диҳем, ки санҷишҳои намояндагони мақомоти андозро назорат карда тавонад. Ин бояд сохтори мутақиле бошад, ки ба мақомоти андоз вобаста набошад, то ки зимни зарурат андозсупорандагон тавонанд ба он барои дифоъ аз манфиатҳои худ муроҷиат намоянд».




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Дилшод18 март, 2012 15:19
Рости хамин вазир (Ш Р) хеле одами босаводу кордон аст. Ин шахс зеби вазири молияро дорад. Шояд ин шахс низоми молияро дуруст ба рох монад. Агар дар бораи андозхо гап занем чандин солхо пештар Фишер исбот намуда буд, ки хеч вакт сатхи баланд ва намудхои зиёди андоз бучети давлатро зиёд наменамояд нихоят кам буданаш хам инчунин. Бояд андозхо дар сатхи андоз дар сатхи муътадил бошанд. Мутаасифона инро мо дар мамлакатамон мушохида намекунем.