Чанде қабл дар дафтари Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар мавзӯи “ Об ва иқтисоди сабз “ ҷаласаи Гуруҳи “ Дӯстони об “ доир гардид.
Тавре аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд, дар ҷаласа беш аз 70 намояндагиҳои доимии кишварҳои узви СММ ва намояндагони ниҳодҳои гуногуни СММ иштирок карданд. Ҷаласаро Намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои мнбаъ, муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов дар мавзӯи “Об ва иқтисоди сабз” гузориш дод. Мавсуф дар гузориши худ ба нақши “иқтисоди сабз” дар чаҳорчӯби рушди устувор, аҳамияти об дар пиёдасозии “иқтисоди сабз”, зарурати ворид намудани тағйироти ҷиддӣ дар рушди фановариҳо, қабул ва интиқоли фановариҳо, инчунин тавсеаи ҳамкориву шарокати минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обӣ тамаркуз кард.
«Дар шароити кунунӣ, масъалаи сохтмони нуругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб барои таъмини амнияти обӣ, обёрии заминҳои корам, истеҳсоли неруи барқии арзон ва аз ҷиҳат экологӣ тоза, коҳиш додани хуруҷи газҳои карбон, сарфаи захираҳои нафту газ, истифодаи устувор ва сарфакоронаи дигар захираҳои табиӣ, пешгирии обхезӣ ва хушксолӣ беш аз пеш муҳим ва зарур аст», - таъкид кард С.Раҳимов.
Мушовири Дафтари машваратии Дабири кулли СММ дар масъалаҳои об (UNSGAB), узви Форуми оби Ҷопон Кензо Ҳироки дар мавзӯӣ “Рушди сабз аз оби кабуд” (Green Growth with Blue) гузориш дод. Мавсуф обро яке аз унсурҳои асосии “рушди сабз” арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар баробари беҳсозии роҳҳои самараноки истифодаи об, кишварҳои узви созмонро зарур аст, дар масъалаи коҳиш додани таъсири манфии об ҳангоми обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ низ чораҳоӣ амалӣ андешанд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои амалӣ намудани ҳама бандҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола заруранд.
Дар анҷоми нишаст, миёни гузоришдиҳандагон ва ширкаткунандагони ҷаласа саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор дар мавзӯи об ва иқтисоди сабз доир гардид.
Ҷаласаи мазкур ба мақсади омодагӣ ба Конфронси рушди устувор, (Рио₊20), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Рио₋де₋Жанейро, Бразилия барпо мегардад, баргузор шуд.
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста