Нақшаҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эронро роҳбарони идораҳои нақлиёти 5 кишвар дар шаҳри Теҳрон баррасӣ карданианд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза қайд кард, ки нақшаи амалисозии ин лоиҳа марҳила ба марҳила ба иҷро расида, миёни мақомоти дахлдори кишварҳо як қатор гуфтушунидҳо гузаронида шудааст.
«Баҳси асосӣ миёни кишварҳо сари масъалаи паҳно (бар)-и роҳи оянда сурат гирифта, зимни вохӯрии соли гузашта дар Бишкек тавофуқ ҳосил шуд, ки паҳнои роҳ ба меъёрҳои аврупоӣ мутобиқат хоҳад кард», - изҳор дошт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, вохӯрии навбатии роҳбарони идораҳои нақлиёти кишварҳо бояд ояндаи наздик дар Эрон доир гардида, дар он имзои санади дахлдоре дар назар аст, ки бар асоси он омода кардани созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони роҳ зарур аст. «Танҳо баъди имзои ин созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои 5 кишвар метавон доир ба таҳияи лоиҳа ва ҷустуҷӯи воситаҳо барои амалисозии он ҳарф зад», - изхор намуд ӯ ва илова кард, ки барои амалисозии чунин лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ вақт ва воситаҳои зиёд лозим аст.
Ёдрас мекунем, ки масофаи умумии роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - марзи Эрон ба ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл мекашад. Масофаи қисмати тоҷикистонии роҳ беш аз 580 километрро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани мазкур беш аз 3,2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст. Қаблан барои таҳияи санади арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа Эрон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА грант ҷудо карда буд.
«Бо истифода аз ин воситаҳо дар қаламрави Тоҷикистон корҳои муайяни таҳқиқотӣ анҷом дода шуданд, вале бинобар сабаби пурра азхуд шудани воситаҳо, корҳои мазкур боздошта шуданд», - гуфтанд дар вазорат.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста