Ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон - дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад. Дар ин бора дар ҳисоботи семоҳаи чанд рӯз қабл интишоршудаи ширкат хабар дода мешавад.
Дар ҳисобот зикр мегардад, ки 18 майи соли равон Комиссияи марказӣ оид ба истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва раёсати интиқоли иҷозатномаҳои «Газпром» «дар робита ба минбаъд ғайримақсаднок будани баргузории корҳои омӯзиши боигариҳои зеризаминӣ дар майдони Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ», оид ба супурдани иҷозатномаҳо тасмим гирифтааст ва лоиҳаҳои санадҳои дахлдор айни замон мавриди имзошавӣ қарор доранд.
Гуфта мешавад, иҷозатномаҳо барои корҳои омӯзиши геологии майдонҳои ояндадори Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ дар Тоҷикистонро ширкати « Gazprom International » 15 сентябри соли 2009 дастрас карда, онҳо то 15 сентябри соли 2018 амал мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 1 моҳ пеш сардори Саридораи геология назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изҳор намуда буд , ки ширкати русиягии Gazprom International аз ҳукумати Тоҷикистон барои оғози корҳои пармакунӣ дар чоҳи дуюми майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав иҷозатнома дархост кардааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данғара) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) даст кашида буд.
Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Мебояд гуфт, айни замон дар Тоҷикистон корхонаи дигари фаръии «Газпром» - ҶДММ «Газпромнефт - Тоҷикистон» низ фаъолият дорад, ки ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст.




Мавқеи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар радабандии “Henley & Partners“ 5 зина поён рафтааст
Маълум шуд, ки иди Меҳргон, тарбузу харбузаву каду ва себу ангур кай ва дар куҷо таҷлил мешаванд
Натиҷаҳои ҳамоиши "Dushanbe Invest – 2025". Тоҷикистон ба маблағи $4,1 млрд беш аз 50 шартнома ба имзо расонид
Далер Ҷумъа: “Тоҷикистон дар таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо барқ нақши муҳим дорад”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 октябри соли 2025
Футбол бо як пой. Чӣ гуна Неъматуллои 11-сола ҳамара ба ҳайрат овард?
Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул кард
Имзои қариб 30 созишнома ба маблағи $3 млрд дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Dushanbe Invest–2025"
Вазири саноат: “Тоҷикистон аввалин кишвари истеҳсолкунандаи литий дар фазои ИДМ хоҳад буд”
Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам шуд. Дар Тоҷикистон шаклҳои нави таҳсил қабул гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста