Ҳаҷми афзоиши сармоягузориҳои мустақими Чин ба Тоҷикистон тайи панҷ соли охир ба ҳисоби миёна 55%-ро ташкил дода, қариб нисфи он ба коркарди конҳои металлҳои ранга равона мешаванд.

«Афзоиши назарраси сармоягузориҳои мустақими Чин баъди ҳаллу фасли масъалаи баҳсҳо дар мавриди қаламрави кишварҳо соли 2011 ба мушоҳида мерасад», - қайд мешавад дар гузориши Бонки авруосиёии рушд “БАОР ва кишварҳои қитъаи Авруосиё: мониторинг ва таҳлили сармоягузориҳои мустақим-2017».

Таҳлилгарони бонк зикр мекунанд, ки нахустин лоиҳаҳои сармоягузорӣ бештар ба коркарди конҳои металлҳои ранга дахл дошта, тӯли соли охир сармоягузорон ба бахши истеҳсоли масолеҳи сохтмон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.

«Охири соли 2016 аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими андӯхтаи чинӣ 46% ба соҳаи металлургияи ранга ва наздики 20% ба бахши сохтмон рост омада, дар соҳаҳои таъминот бо сӯзишворӣ ва сохтмон, аз ҷумла бунёди қитъаи тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази “Туркманистон - Чин” ва навбати аввали корхонаи коркарди нафту газ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» як қатор лоиҳаҳо амалӣ мешаванд», - таъкид доштаанд муаллифони гузориш.

Бино ба маъулмоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ба охири соли 2016 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими андӯхтаи Тоҷикистон қариб 3,1 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 32 фоизаш (1 млрд. 16 млн. доллар) ба Чин рост меояд.

Барои муқоиса: охири соли 2016 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими андӯхтаи ҳамаи кишварҳои ИДМ ба иқтисоди Тоҷикистон ба 950 млн. доллар баробар аст.

Семоҳаи аввали соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 130 млн. доллар сармоягузориҳои мустақим сурат гирифтанд, ки зиёда аз 60 фоизаш (беш аз 76 млн. доллар) саҳмгузории Чин мебошад. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.