Бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Завқизода Завқӣ – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Лук Девин -  Директор оид ба Россия ва Осиёи Марказии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ намуданд.

Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед - мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Амирзода Пайрав - мудири бахши Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифӣ Дилшод – сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил буданд.

Ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстона натиҷабахш анҷом ёфта, дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардиданд.

Дар доираи фаъолияти ҷаласаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2014-2020 ҷудо намудани 251 млн. евро барои маблаѓгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус  маориф, тандурустӣ, энергетика ва рушди деҳот пешбинӣ гардид.

Дар ҷаласаи номбурда мавзӯъҳо вобаста ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва муҳокимаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, рушди макроиқтисодӣ ва соҳаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, масоили муҳити зист, безараргардонии партовгоҳҳои истихроҷи уран, рушди ҳамкориҳои дуҷониба, сиёсати хориҷӣ, демократия, волоияти қонун, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон ва таҳияи лоиҳаи протоколи ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, шоми 9 марти соли 2018 вохӯрии Завқизода Завқӣ – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Департаменти рушди ҳамкориҳо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пиэр Амилҳат баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур масъалаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ намудани буҷети давлатии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин аз ҷониби Завқизода Завқӣ маълумоти мухтасар оид ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 пешниҳод гардид.