Муовини сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Раҳмонбек Бахтдавлатов рӯзи 18 июл изҳор намуд, ки «Газпром» Тоҷикистонро тарк мекунад. Дар намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон ин изҳоротро шарҳу тавзеҳ надода, лекин мегӯянд, ки корҳо идома доранд.

«Газпром» дар бораи супурдани иҷозатномаҳо дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ қарор қабул намуда, корҳои ҷустуҷӯи иншооти имконпазири нави дома доранд», - посух дод ба «Азия-Плюс» роҳбари намояндагии Gazprom International (корхонаи фаръии ҶСИ «Газпром») Игор Шаталов.

Дар робита ба чоҳ дар қитъаи Сариқамиш Шаталов изҳор дошт, ки нафту газ дар он дар чуқурии зиёд мавҷуд буда, дар вазъи кунунии иқтисодӣ коркарди онҳо аз нигоҳи иқтисодӣ мувофиқи мақсад нест.

Шаталов шарҳ дод, ки моҳи марти соли 2018 дар Душанбе зимни як ҷаласаи Кумитаи идоракунанда дар бораи таъсиси гурӯхи корӣ тасмим гирифта шуд, ки то охири соли 2018 оид ба «самтҳои корҳои минбаъдаи «Газпром» дар Тоҷикистон» тавсия пешниҳод мекунад. Ин гурӯҳ доир ба васеъ кардани ҷуғрофияи кори ширкат низ тавсия омода хоҳад кард. Пеш аз ҳама, ин ҷо сухан сари вилояти Суғд меравад, ки дар намояндагии Gazprom International дар ин хусус чандин маротиба изҳори назар карданд.

Муҳлати иҷозатномаҳои «Газпром» барои корҳои иктишофӣ дар қитъаҳои Тоҷикистон соли 2018 ба охир мерасад. Аммо ду иҷозатномаи охири худро (аввал онҳо чорто буданд)  ба қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарӣ «Газпром» моҳи феврали соли 2017 бозпас супурд.

Дар ҳамин ҳол, тобистони соли 2016 дар Саридораи геология ба журналистон изҳор намуданд, ки «Газпром» аз ҳукумати Тоҷикистон барои оғози корҳои пармакунии чоҳи дуюм дар майдони Сариқамиш иҷозатнома пурсидааст.

Баъдан ба «Азия-Плюс» ин маълумотро Шаталов рад кард:

«Мо аз Тоҷикистон чоҳи дуюм дархост накардаем ва нияти ин корро кардан ҳам надорем, зеро бар ин назарем, ки коркард бо назардошти низоми андози ҳозира аз лиҳози иқтисодӣ самаранок нест. Мо бисёр талаф медиҳем, яъне давлат тине ҳам сармоягузорӣ накарда, андозҳои зиёде меситонад. Албатта, дар чунин шароит мо кор намекунем», - изҳор дошта буд он замон Шаталов ва зикр кард, ки муддати ин солҳо ширкат «6 млрд. рубл маблағ хароҷот карда, ҳадди ақал 1,5 млрд. он ба пардохти андоз масраф шудааст».

Қобили зикр аст, ки то ҳол дар қонунгузории андоз дар соҳаи истифодаи захираҳои зеризаминӣ ҳеҷ тағйироте сурат нагирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.