Тибқи маълумоти оморӣ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,2%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ наздики 2,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,2 фоиз бештар аст.

Дар сохтори ММД ҳиссаи нисбатан бештар ба саноат бо шумули энергетика (17,9%) ва савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ, лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо (17,2%) рост меояд.

Ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ 12,6%, ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ - 12,8% ва андоз - 12,7%-ро ташкил додаааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ чун соли пешин аз рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,2% интизорӣ дорад. Лекин пешгӯиҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ нисбатан камтаранд.

Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи рушди ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 Хазинаи байнулмилалии асъор дар сатҳи - 4%, Бонки осиёгии рушд - 6% ва Бонки ҷаҳонӣ - 6,1: пешгӯи мекунанд. Соли гузашта рушди воқеъии ММД Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод.

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон миёни нуҳ кишвари ҷаҳон ҷой гирифтааст, ки соли гузашта ба рушди баландтарини иқтисод ноил гардиданд. Ин рушдро таҳлилагрони Бонки ҷаҳонӣ дар навбати аввал ба «устуворона барқарор шудани интиқоли маблағҳо, ки ба барқаор шудани рушд дар Русия ва беҳбуди муҳити беруна вобаста  аст», нисбат медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.