Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ду ширкати баргузории аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзиро бозхонд кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит” ба пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар соли 2017 гунаҳкор дониста мешаванд.

Қайд мешавад, ки ин ширкатҳо санаи 14 сентябри соли равон аз Рӯйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон мебошанд, хориҷ карда шудаанд.

Ёдрас мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои дар боло қайдшуда ҶДММ “Грант Торнтон”-ро низ аз Рўйхати мазкур дар соли 2017 хориҷ намуда буд.

Айни замон 10 ширкати аудиторӣ дар рӯйхати БМТ зикр шудаанд, ки ба онҳо барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷоза дода шудааст: ҶДММ «Tоҷ-Аудит», ЧДММ «Делойт ва Туш», ҶДММ «Консультант аудит», ҶДММ «БДО», ҶДММ «Аудит-Консалтинг», ҶДММ «Бейкер Тилли Тоҷикистон», «Кроу Хорват ЭЙСИҶИ», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон», ҶДММ «КРЕСТОН АС» ва Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder.

Боз ду ширкати дигар – “Шарқ-Аудит” ва “Тоҷик Аудит Консалтинг” ба баргузор намудани аудити ташкилоҳои қарзии хурд ҳуқуқ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.