Ҳукумат барномаи амнияти ғизойии Тоҷикистонро барои солҳои 2019-2023 тасдиқ намуд. Амалисозии он тавассути воситаҳои буҷет, ҳамчунин бо ҷалби сармоя (грантҳо)-и корхонаҳои ватаниву хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии ин воситаҳо 72,5 млн. сомонӣ (наздики 8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Вазъи воқеии таъминот бо ғизо дар кишвар

Дар санад қайд мешавад, ки меъёри маҳсулоти ғизойӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоӣ ва демографӣ риоя намешавад. Ин дар навбати аввал ба сатҳи таъминот бо ин маҳсулот, хусусиятҳои хоси миллӣ ва қобилияти харидории аҳолӣ нисбат дода мешавад.

Меъёрҳои сабади истеъмолӣ барои як нафар дар як сол, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст:

маҳсулоти нонӣ - 145,2 кг, картошка - 64,8 кг, сабзавот ва полезӣ - 73,2 кг, мева - 28,8 кг, шакар - 14,4 кг, маҳсулоти гӯштӣ - 25,2 кг, моҳӣ - 5,8 кг, маҳсулоти ширӣ - 36,9 кг, тухм - 194,4 дона, равған – 16 кг, дигар маҳсулот (намак, ҷой) - 0,36 кг.


Муаллифони барнома таъкид мекунанд, ки ба санаи 1 январи соли ҷорӣ майдони умумии заминҳои обёришаванда дар Тоҷикистон наздики 760 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки сармоягузориҳои ҳамасолаи давлатӣ барои барқарор кардани заминҳо кофӣ набуда, ғайр аз ин, бо сабабҳои гуногун истифода нашудани заминҳои коркардмешуда мушоҳида мегардад.

Майдони умумии заминҳои аз обу шамол осебдида 35 ҳазор гектар ё худ 5,3% аз майдони умумии заминҳои киштро ташкил медиҳад. Майдони умумии чарогоҳҳо дар Тоҷикистон ба 3,8 млн. гектар баробар буда, ҳамасола 4%-и онҳо дар сатҳи гуногун мавриди осеб қарор мегиранд”, - таъкид мешавад дар санад.

Гуфта мешавад, то ҳол истифодаи бесамар, нопурра ва ғайриоқилонаи заминҳои кишт ба назар мерасад, ки ба коҳиши майдонҳои кишт боис мегардад.

“Дар давраи солҳои 2010-2017 майдони заминҳои коркардшуда 14 ҳазору 312 гектар кам шуд. Майдони замини обёришаванда ба ҳар сари одам (аҳолии доимӣ) аз 0,10 гектар дар соли 2010 то ба 0,09 гектар дар соли 2018 кам шуд. Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил аст, ки нишондиҳандаи таъминот бо қитъаи замини коркард ва обёришуда ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи паст қарор дорад”, - омадааст дар Барнома.

Муаллифони санад қайд мекунанд, ки ба санаи 1 апрели ҳамин сол шумори аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 973,6 ҳазор (моҳи май шумори аҳолӣ 9 млн. нафар шуд) нафарро ташкил медиҳад.

“Бо сабаби доимо афзудани шумори аҳолӣ ва зиёд будани сатҳи таваллуд сол то сол талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ меафзояд”, - қайд мешавад дар Барнома.

Барои беҳбуди вазъ 8 млн. доллар маблағ зарур аст

Барнома тариқи Нақшаи чорабиниҳо амалӣ мешавад. Барои анҷоми чунин чорабиниҳо панҷ соли наздик 72,5 млн. сомонӣ маблағ зарур мешавад.

Маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳа дар доираи воситаҳои пешбинишуда дар буҷети давлатӣ, сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, воситаҳои вазорату идора ва ташкилотҳои дахлдор, ҳамчунин соҳибкорону хоҷагиҳои деҳқонӣ сурат мегирад.

Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо гардидани 25,5 млн. сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо – 47 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Ҳаллу фасли масъалаҳои асосӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворни кишвар ва рушди соҳаи агррарӣ танҳо ба воситаи сафарбаркунӣ ва истифодаи имконоти идоракунии давлатӣ ва минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалии сарпарастон имконпазир аст”, - қайд мешавад дар матни санад.

Аллакай соли оянда ба амалисозии барнома равона гардидани 17,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла 4,7 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷет пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.