Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,7%-ро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 6% баробар буд.

Моҳи гузашта мизони таваррум 0,7%-ро ташкил дод. Аз ҷумла моҳи октябр маҳсулоти хӯрокворӣ - 1,4%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 0,3% қимат шуда, хизматгузориҳои пулакӣ баръакс 0,6% арзон шуданд.

Дар маҷмӯъ аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо ба андозаи 4,7% қимат шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-октябр аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Карам - 17,5%

Пиёз - 14,8%

Сабзӣ- 11,3%

Шир - 8,8%

Тухм - 7,1%

Равған - 3,1%

Орди навъи якум - 2%

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:

Бензин - 16,9%

Матои абрешим - 11,9%

Дастгоҳҳои маишӣ - 9,5%

Маҳсулоти дорусозӣ - 6,7%

Семент - 5,3%

Воситаҳои шустушӯ - 4,9%

Хизматрасониҳо:

Нақлиёти мусофирбари ҳавоӣ – 55,6%

Обу корез - 10,4%

Гази моеъ - 3,2%

Сафар дар нақлиёти автомобилӣ - 1,8%

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед