Мувофиқи таҳлили маълумоти мақомоти омор, ки аз ҷониби БелаПАН гузаронида шудааст, аз рӯи натиҷаҳои 10 моҳи соли равон нархҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 4,5% боло рафтаанд.

Аз рӯи афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар қаламрави давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2018 Ӯзбекистон (9,5%) пешсаф буда, Украина зинаи дуюм (7,4%) ва Тоҷикистон мақоми сеюм (4,5%)-ро ишғол кардааст.

Дар идома кишварҳои Беларус (4,2%), Эстония (4,1%), Қазоқистон (3,7%), Латвия (3,1%), Русия (2,9%), Литва (2,7%), Гурҷистон (0,4%) ва Озарбойҷон (0,2%) қарор доранд.

Дар Молдова нархҳо тағйир наёфта, дар Арманистон ба андозаи 0,7% ва Қирғизистон – 0,9% поин рафтаанд. Доир ба Туркманистон танҳо дар нимсолаи аввал (афзоиши нарх (8,9%) маълумот дода шудааст.

Қайд мешавад, ки нишондиҳандаҳо оид ба Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Эстония бар асоси маълумоти моҳона тартиб дода шудааст.

Моҳи октябр нархҳо дар Беларусу Эстония ба андозаи – 0,5%-ӣ, Украина – 1,7%, Ӯзбекистон – 1,3%, Латвия ва Тоҷикистон – 0,7%-ӣ, Литва – 0,6%, Қазоқистону Молдова ва Русия – 0,5%-ӣ, Гурҷистону Қирғизистон – 0,3%-ӣ, Озарбойҷон – 0,2% ва Арманистон – 0,1% боло рафтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.