Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон оид ба хусусигардонии бастаи саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» тендери байнулмилалӣ эълон мекунад.

Арзиши ибтидоии 42 ҳазору 540 адад саҳмияҳои Ҷамъият, ки тибқи лоиҳаи инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд, ба маблағи 4 млн. 911 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Тендер рӯзи 1 феврали ҳамин сол дар Бинои Кумита баргузор шуда, дар он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва берунмарзӣ иштирок карда метавонанд.

Иштирокчиёни тендери байналмилалӣ барои иштирок дар хусусигардонии Ҷамъият маблағи баробар ба 200 ҳазор доллари ИМА, бо асъори миллӣ бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт ва ё бо асъори хориҷӣ ба суратҳисобҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон пардохт менамоянд.

“Ғолиби тендер иштирокчие дониста мешавад, ки нархи аз ҳама зиёдро баландтар аз арзиши ибтидоии бастаи саҳмияҳои Ҷамъият пешниҳод менамояд ва барои иҷрои шартҳои ҳатмии зарурии ба даст овардани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба саҳмияҳои Ҷамъият розӣ мебошад”, - омадааст дар эълон.

Гуфта мешавад, инчунин ғолиби тендер ба суратҳисоби фурушанда боҷи комиссионӣ дар ҳаҷми 5% аз нархи фурӯши бастаи саҳмияҳои Ҷамъият ва дигар боҷҳои ҳатмии мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон муқарраргардидаро пардохт менамояд, ки ба нархи фурӯши бастаи саҳмияҳои Ҷамъият дохил намешаванд.

Мувофиқи шартҳои тендер, молики ояндаи “Пиллаи тоҷик” уҳдадор мешавад, ки дар муддати се сол барои афзоиши иқтидори истеҳсолии корхона 35 млн. сомонӣ маблағгузорӣ намояд. Дар ин давра шумори ҷойҳои корӣ дар корхона бояд на камтар аз 500 нафарро ташкил дода, қарзҳо дар ҳаҷми беш аз 15,7 млн. сомонӣ бояд дар муддати як сол аз замони имзои шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳо пардохта шаванд.

Фурӯши “Пиллаи тоҷик” дар доираи лоиҳаи инфиродии хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ин корхона сурат мегирад. Лоиҳаи мазкурро ҳукумат тобистони соли гузашта тасдиқ намуда буд.

Маълумот дар бораи корхона

Ҷамъият соли 2015 дар натиҷаи табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии “Пилла”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Точикистон таъсис дода шуда, сармояи оинномавии Ҷамъият 4 млн. 254 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Муассиси он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мебошад.

Ҷамъият асосан дар самти тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирмак, кирмакпарварӣ ва таъмини соҳаи саноати сабук бо нахи абрешим фаъолият дошта, дар ҳайати он 39 ҷамъияти саҳомии фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.

Дороиҳои Ҷамъият ба ҳолати 1 октябри соли 2017 маблағи беш аз 8,6 млн. сомонӣ ва қарзи умумии кредиториии корхона беш аз 15,7 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Дараҷаи фарсудашавии воситаҳои асосии Ҷамъият 68 фоизро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии қитъаи замини Ҷамъият 26,43 га, масоҳати зери сохтмон 14,53 га. мебошад. Шумораи умумии кормандони Ҷамъият мувофиқи воҳидҳои кории тасдиқгардида 395 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони муваққатӣ (мавсимӣ) 572 нафар мебошад.