Дар бозори асъори Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир камбуди шадиди доллари амрикоӣ ба мушоҳида мерасад.

Бинобар сабаби мавҷуд набудани асъор, чанде аз бонкҳо айни замон дар мавриди фурӯши доллар амалиёт намегузаронанд.

“Пешниҳоди доллар ахиран ба тавре назаррас кам шуд. Мо дар навбати худ танҳо пули бадастовардаамонро фурӯхта метавонем. Дигар сарчашмаҳои дастрасӣ ба асъорро надорем”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар “Тоҷиксодиротбонк”.

Ба ҳар ҳол, долларро метавон дар чанде аз бонкҳо, аз ҷумла “Казкоммерсбонк”, “Аввалин бонки молиявии хурд”, “Спитаменбонк” ва дигар бонкҳо низ ба даст овард, лекин дар ҳаҷми маҳдуд: ба як нафар на бештар аз 200 доллар дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, як шахс ин маблағро як маротиба дар ду ҳафта гирифта метавонад.

Хоҳишмандони харидори доллар хеле зиёд буда, мардум аз шаб навбат мегиранд. Маъмулан то нимаи рӯз захираҳои доллари бонкҳо ба охир расида, пас аз ин амалиёти марбут ба фурӯши доллар то субҳи рӯзи дигар мутавақиф мешаванд.

Аз вазъи ҷойдошта дарҳол одамоне истифода бурданд, ки ба мубодилаи ғайриқонунии асъор машғуланд. Онҳо 1 долларро бо нархи 9,80 сомонӣ мефурӯшанд ва ин дар ҳолест, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо онро метавон бо 9,45 сомонӣ харид.

Соҳибкорони машғул ба воридоти маҳсулот ба ҷумҳурӣ маҷбуранд, ки аз “бозори сиёҳ” асъори амарикоӣ харанд, ҳарчанд медонанд, ки ин амал ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии муқарраршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир чандон тағйир наёфтааст: 1 доллар имрӯз ба 9,4318 сомонӣ баробар аст. Тайи соли охир сомонӣ нисбати дорллар дар маҷмӯъ ба андозаи 6,9% - аз 8,8190 сомонӣ дар аввали соли 2018 то ба 9,4296 сомонӣ ба санаи 31 декабри соли 2018 беқурб шуд.

Иқтисодчӣ Солеҳ Ҳамидов дар мавриди ин масъала мегӯяд, то замони дорои тавозуни манфии савдои хориҷӣ будани Тоҷикистон, ҷумҳурӣ ба ин ҳолат дучор хоҳад шуд, зеро нисбат ба содирот хеле зиёдтар маҳсулот ворид мекунем.

Қобили зикр аст, ки касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон тӯли 11 моҳи соли 2018 қариб 2 млрд. долларро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.