Арзиши иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои автомашина дар Тоҷикистон аз 1 январ 10% боло рафт. Ин ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб вобаста аст.

Барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он акнун 3 ҳазору 410 сомонӣ (қаблан – 3,1 ҳазор сомонӣ) ва автомобилҳои истеҳсоли то соли 2004 - 2 ҳазору 750 сомонӣ (2,5 ҳазор сомонӣ) маблағ пардохт кардан зарур аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Болоравии нархи иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои автомобил ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз оғози сол вобаста аст.

Соҳибони автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2005 барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина чун пештара 50 нишондиҳанда барои ҳисоб ва автомобилҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 62 нишондиҳанда барои ҳисоб пардохт мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли равон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз 50 то ба 55 сомонӣ боло рафт.

Иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои автомобил ба муҳлати як сол дода шуда, барои ба муҳлати дигар дароз кардани он боз маблағ пардохтан лозим аст. Ин маблағҳо аз соли 2010 ба суратҳисоби махсуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд. Иҷозатномаҳоро дар шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ медиҳанд.

Аз соли 2000 то соли 2010 сиёҳкунии шишаҳои автомашина дар Тоҷикистон манъ буд. Инро ба вазъи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва мубориза бо болоравии сатҳи ҷинояткорӣ нисбат медоданд. Танҳо Сарвари давлат, сарвазир ва раисони ҳарду палатаи парлумон ба чунин имтиёз ҳуқуқ доштанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.