Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки се соли наздик (солҳои 2019-2021) афзоиши солонаи ҳаҷми иқтисод дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҳудуди 6% мешавад. Бо вуҷуди ин, қайд мекунанд онҳо, осебпазирии кишвар аз омилҳои беруна ва дохилӣ боқӣ мемонад.

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, дурнамои кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлати Тоҷикистон ба ҷараёни мусбат гувоҳӣ дода, афзоиши иқтисоди Русия, болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии содиротӣ (нахи пахта ва алюминий), густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ба воридоти хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, муаллифони гузориш огоҳ мекунанд, ки сохтори иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ба омилҳои беруна ва дохилии хавфҳо осебпазир боқӣ мемонад.

“Бо мақсади баланд бардоштани қобилияти ба ҳаёт мутобиқ будани иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини суботи макроиқтисодӣ, ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки аз ҳисоби беҳбуди самаранокии хароҷоти давлатӣ, сифати ҷамъоварии андоз ва мусоидат ба рушди босуръати бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ, ба баргузории ислоҳот дар соҳаи молияи давлатӣ суръат бахшад”, - тавсия медиҳанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ.

Роҳандозии “қоидаҳои бозӣ”-и ягона барои ҳамаи субъектҳои бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, такмили тарзи идоракунии корхонаҳои давлатии зиёновар ва сармоягузорӣ ба сармояи инсониро дар ин самт онҳо ҳаётан муҳим мешуморанд.

Дар гузориш хулоса мешавад, ки табдили иқтисоди кишвар ба индустриалӣ-инноватсионӣ, ки ҳамчун нақшаи беҳтарин дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 зикр шудааст, бидуни талошҳо бобати комилан ба сатҳи сифатан нав баровардани ислоҳотҳо ғайриимкон аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.