Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар дурнамои миёнамуҳлат боқӣ мондани сатҳи пасти воридшавии сармоягузориҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ва суръат гирифтани бурунрафти сармояро аз кишвар пешгӯӣ мекунанд. Ин тамоилро ба муҳити номусоид барои роҳандозии тиҷорат дар кишвар ва ҷараёни начандон қаноатбахши баргузории ислоҳот дар ин самт рабт медиҳанд.

“Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо сабаби таъсири номусоид дар партави муҳити корӣ паст боқӣ мемонанд”, - гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон.

Дар гузориш қайд мешавад, ки нимаи аввали соли гузашта сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аз ҳисоби имтиёзҳои калони андозӣ асосан (наздики 60% аз ҳаҷми умумӣ) ба соҳаи саноати истихроҷи кӯҳӣ  сурат гирифтанд. Сеяки чунин сармоягузориҳо аз ҳаҷми умумӣ дар соҳаи истеҳсолот ба қайд гирифта шуд. Беш аз сеяки сармоягузориҳои мустақим аз Чин ва аз Туркия - 15% ворид шуданд.

Иқтисодчиёни мустақил мувофиқанд, ки шароити мавҷуда дар Тоҷикистон барои пешбурди тиҷорат ба бурунрафти сармоя ба ҳамсоякишварҳои мусоидат мекунад.

“Бархе аз тоҷирони мо фаъолияти худро дар ин ҷо қатъ карда, сармояи худро ба ҳамсокишварҳо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва акнун аз чанде пеш ба Ӯзбекистон низ бароварданд. Тоҷироне низ ҳастанд, ки тиҷорати худро дар Афғонистони ҷангзада роҳандозӣ мекунанд. Ҳамааш бо он сабаб аст, ки ҳамсояҳо аллакай фаҳмиданд, ки соҳибкор на гови ҷӯшойӣ, балки муҳаррики иқтисод аст”, - изҳор намуд ба “Азия-Плюс” дар ин робита иқтисодчӣ Сайид Одинаев.

Ӯ зикр кард, ки тақрибан 70%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби бахши хусусӣ ташаккул меёбад ва ҳукуматдорон бояд бифаҳманд, ки ба сурати умум тақдири иқтисоди кишвар аз муносибат ба соҳибкорон вобаста аст.

“То чӣ қадре ки муносибат ба тиҷорат ба қадри кофӣ қобили қабул бошад, ҳамон қадр иқтисоди мо рушд хоҳад кард. Мутаасифона, алҳол дар мо ҳамаааш баръакс аст”, - илова намуд коршинос.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.