Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) аз баргузор намудани ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи қарздиҳӣ дар заминаи амволи манқул дар Тоҷикистон истиқбол мекунад.

Қонуни қабулшуда «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ба он замимашуда акнун ба корхонаҳои хурду миёна имкон медиҳанд, ки ба сифати таъмини гарав дар баробари амволи ғайриманқул амволи манқулро низ ба бонкҳо пешниҳод намоянд.

Бо қабули қонуни нав муҳити мусоиде ба вуҷуд меояд, ки дар он соҳибкорони хурду миёна дар шакли дороиҳои манқул, бо шумули масалан таҷҳизот, қарзи дебиторӣ, моликияти молу маҳсулот ва анбордорӣ ва ҳатто моликияти зеҳнӣ, навъи алтернативӣ барои қарзгирӣ пайдо кунанд, қайд мекунанд дар намояндагии IFC.

Ташкилотҳои қарзӣ ба сифати таъмини гарав аз рӯи уҳдадориҳои қарзӣ маъмулан дороиҳои ғайриманқул (замин, бино ва ғайра)-ро қабул доштанд, ки бинобар сабаби маҳдуд будани чунин навъи сармоя дар ихтиёри корхонаҳо, барои корхонаҳои хурду миёна монеъаҳо эҷод мекард.

“Дороиҳои манқул бо бозоргирии зиёд ва дастрас буданашон фарқ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ҳиссаи амволи манқул дар сармояи корхонаҳо бештар буда, тақрибан 78% ва ҳиссаи амволи ғайриманқул дар дороиҳои корпоративӣ ҳамагӣ 22%-ро ташкил медиҳад”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар намояндагии корпоратсия.

Ҳамин тариқ, зикр карданд дар IFC, ислоҳоти доиргардида ба соҳибкорони хурду миёна фоидаовар аст, ки барои аксарияи кулли онҳо амволи манқул навъи бештар қобили қабул ва бартариятноки таъмин зимни анҷоми муомлоти қарзӣ мебошад.

Мутахаасисони корпоратсия бар ин назаранд, ки ислоҳоти мазкур ҳамчунин ба рушди низоми бонкии ҷумҳурӣ низ таъсири назаррас дошта метавонад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.