Аз рӯи болоравии нархҳои истеъмолӣ соли 2018 миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Тоҷикистон зинаи чорумро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти БелаПАН, пешсаф дар ин феҳрист Ӯзбекистон аст, ки давоми соли гузашта нархҳо дар ин кишвар 14,3% боло рафтаанд. Украина (9,8%) ва Беларус (5,6%) мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро касб кардаанд.

Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 5,4% - мақоми чорумро ишғол намуда, дар идома Қазоқистон (5,3%), Русия (4,3%), Эстония (3,4%), Латвия (2,6%), Литва (1,9%), Арманистон (1,8%), Гурҷистону Озарбойҷон (1,5%-ӣ), Молдова (0,9%) ва Қирғизистон (0,5%) қарор доранд.

Гуфта мешавад, раддабандӣ бар асоси таҳлили маълумоти мақомоти миллии омори кишварҳо таҳия шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.