Бо сабаби муваққатан баста шудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, инчунин бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ дар интиқолот, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз имрӯз оғоз карда, парвози хатсайрҳоро аз рӯйи самти Душанбе-Хуҷанд-Душанбе зиёд намуд.

Тавре аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, то санаи 31 январ ширкат парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз иҷро хоҳад кард. Дар сурати то охири моҳи январ барқарор нашудани ҳаракати нақлиёти автомобилгард, ширкати ҳавопаймоӣ омода аст парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз идома диҳад.

Гуфта мешавад, бори аввал нест, ки парвозҳо дар самти мазкур дар вақти басташавии роҳҳо, ки пойтахтро бо Хуҷанд мепайвандад, зиёд мегарданд. Қаблан низ дар рӯзи басташавии роҳ ва боришоти зиёд ширкати ҳавопаймоӣ миқдори парвозҳоро байни Душанбе ва Хуҷанд зиёд намуда буд, то ки сокинони ду шаҳр имкон пайдо кунанд сари вақт ва бехатар ба нуқтаи таъинотӣ расанд. Хатсайрҳо аз пойтахт ба Хуҷанд дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мегарданд.

Маълумоти муфассалро дар бораи ҷадвали парвозҳо метавонед дар маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ аз рӯйи рақамҳои 44-640-40-40/49/50 ё дар сомонаи www.somonair.com ба даст оред.

Айни ҳол “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.