Воридоти тухми мурғ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон манъ набуда, барои ин ҳеҷ гуна монеъае вуҷуд надорад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Фарҳод Камолзода.

Ӯ қайд кард, ки соли 2018 ҳаҷми воридоти тухм ҳамагӣ 1 ҳазору 817 тонна (дар ин Кумита тухмро бо дона ҳисоб намекунанд)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин (соли 2017) 8 ҳазору 111 тонна камтар аст.

Сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти тухми мурғро аз Ӯзбекистон раиси Кумита тақвияти иқтидорҳои корхонаҳои паррандапарварӣ дар Тоҷикистон ва мутаносибан афзоиши истеҳсоли тухм унвон кард.

Бино ба маълумоти Агентии омор ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2018 дар ҷумҳурӣ беш аз 45 млн. дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017 ба андозаи 32% бештар аст.

Журналистон ба масъалаи дарвоқеъ ҳам ғайрирасмӣ манъ шудани воридоти тухм аз Ӯзбекистон ба хотири ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Камолзода ин иддаъоро рад намуда, зикр кард, ки давоми моҳи январ ягон соҳибкор ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои воридоти тухм ба Кумита муроҷиат накардааст.

“Ҳақиқатан ҳам пештар вақте ки роҳ ба Ӯзбекистон баста буд, аз Қазоқистону Русия тухм меоварданд. Акнун бо фаъол шудани кори корхонаҳои паррандапарварӣ, талабот ба воридоти ин маҳсулот кам шуд”, - иброз дошт ӯ.

Ба савол доир ба болоравии нархи тухм Камолзода чунин посух дод:

“Вақте ки воридот несту дар бозор молу маҳсулот кам аст, албатта нархи он боло меравад. Барои воридоти молу маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, иҷозатномаи кумитаи мо зарур аст, ки бепул буда, давоми 15 дақиқа дода мешавад”.

Қобили зикр аст, ки баҳори соли 2018 бо сабаби сабук шудани тартиби равуо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, воридоти тухм ба Тоҷикистон аз ин кишвар хеле зиёд шуд. Ин ба поинравии нархи он боис гардид: як қуттӣ тухмро  соҳибкорони ӯзбекистонӣ ба нархи 13-16 сомонӣ мефурӯхтанд.

Сипас бо сабабҳои номаълум воридоти тухм аз кишвари ҳамсоя боздошта шуда, дар натиҷа нархҳо боз боло рафтанд.

Имрӯз дар мағозаҳои пойтахт 1 дона тухм аз 90 дирам то 1 сомонӣ нарх дорад. Аввали соли гузашта нархи 1 донаи он на бештар аз 70 дирамро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.