Ширкатҳои электроэнергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими баҳору тобистони соли равон гуфтушунид доранд.

“Гуфтушунидҳо бо ҳамтоҳои ӯзбек дар ин робита идома доранд. Дар вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳарду кишвар ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳо дар ин маврид дар назар буда, шартномаи дахлдор ба имзо хоҳад расид”, - хабар дод муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мадумар Асозода зимни нишасти матбуотии имрӯза.

Ӯ қайд кард, ки ҷонибҳо аз ҷумла тарифҳои фурӯши барқи Тоҷикистонро ба кишвари ҳамсоя байни ҳам мувофиқа мекунанд.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода таъкид дошт, ки нисбат ба соли гузашта Тоҷикистон имсол барои нерӯи барқи худ ба Ӯзбекистон нархи баландтарро пешниҳод дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Ӯзбекистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон 2 сент маблағ пардохт мекард.

Дар ҳамин ҳол, тарифи миёна ба барқ дар худи Тоҷикистон 17 дирам (1,8 сент) ва арзиши аслии нерӯи барқи Тоҷикистон 16 дирам (1,7 сент)-ро ташкил медод.

Бино ба гуфтаи Асозода, имсол ба Ӯзбекистон содироти ҳудуди 1,6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли сипаришуда қариб 200 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.

Тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, соли гузашта аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 1 млрд. 480 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Мебояд гуфт, Тоҷикистон аз моҳи апрели соли гузашта интиқоли барқро ба Ӯзбекистон барқарор кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.