Ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба санаи 1 январи соли 2019 зиёда аз 2,9 млрд. долларро ташкил дод, хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода. Ин ба 38,9%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта баробар аст.

Ҳаҷми қарзи дохилӣ бошад, ба гуфтаи вазир, ба 6,8 млрд. сомонӣ (наздики 722 млн. доллар) расид, ки 9,9% аз ҳаҷми умумии ММД-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 3,6 млрд. доллар расида, 48,8% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯимаҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки соли гузашта ба пардохти қарзи хориҷӣ 224 млн. доллар маблағ равона гардидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон давоми соли равон ҷалби қарзҳои хориҷиро дар ҳаҷми 235 млн. доллар ба нақша гирифтааст.

Дар Барномаи охири соли гузашта тасдиқшудаи ҳукумат дар бораи қарзҳои давлатии хориҷӣ барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои давраи солҳои 2020-2021 гуфта мешавад, тӯли се соли наздик ҷалби 714 млн. доллар чунин қарзҳо дар назар аст.

Ба ин сурат, тибқи пешгӯиҳои ҳукумат охири соли 2020 қарзи хориҷӣ – 3 млрд. 327 млн. ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 – 3 млрд. 441 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он зиёда аз 2,2 млрд. доллар қарздор аст.

Қарзҳое, ки дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматнок дар бозорҳои байнулмилалӣ ба вуҷуд омадаанд, 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Бонки исломии рушд низ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд қарздор аст.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.