Ҳукумати Тоҷикистон саҳмдори корхонаи бузурги мошинсозиии Русия – ҶСК “ГАЗ” буда, молики 32,5 ҳазор саҳмияи ин корхона аст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Дар маълумоти Кумита доир ба миқдори ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон бо фоизҳо дар бастаи умумии саҳмияҳои ширкат маълумот дода нашудааст.

ҶСК “ГАЗ” корхонаи бузурги мошинсозии Русия буда, дафтари кории асосиаш дар шаҳри Нижний Новгород воқеъ аст. “Гурӯҳи ГАЗ” холдинге мебошад, ки як қатор корхонаҳои саноатии бахши мошинсозиро муттаҳид мекунад.

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон дорои саҳмияҳои дигар ширкати русиягӣ – ҶСК “Саратовнефтегеофизика” аст, ки ба корҳои ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафт машғул аст. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар сармояи оиннномавии ин ширкат тибқи маълумоти Кумита, 1,73%-ро ташкил медиҳад.

Дар дохили Тоҷикистон ҳукумати ҷумҳурӣ дар сармояи оинномавии 140 ширкат, аз ҷумла 13  ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва 4 ҷамъияти дорои масъулият маҳдуд ҳиссаи муайян дорад.

Байни онҳо 47-тоашон корхонаҳои истеҳсолӣ ва 19-тоашон ширкатҳои сохтмон буда, 74-тои дигар ба пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун машғуланд.

Дар сармояи оинномавии 188 ширкатҳои саҳҳомӣ 100%-и бастаҳои саҳмия ба давлат тааллуқ дорад.

Корхонаҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон, ки ба ҳиссаи бештари саҳмияҳои онҳо ҳукумат соҳиб аст: ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.