Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди соҳаи паррандапарварӣ мавриди амал қарор дорад. Яке аз вазифаҳои асосӣ – таъмини устувори аҳолӣ бо маҳсулоти паррандпарварӣ ба миқдори кофӣ ва нарзҳои дастрас мебошад.

Соли 2018 воридоти гӯшти мурғ ва тухм ба ҷумҳурӣ коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар ин давра 17,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 2,2 ҳазор тонна камтар мебошад.

Дар дохили кишвар 2,7 ҳазор тонна гӯшти парранда ва беш аз 450 млн. дона тухм истеҳсол шудааст. Лекин ин миқдор барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ кофӣ нест. Бо вуҷуди ифтитоҳи иқтидорҳои нав дар соҳаи паррандапарварӣ дар Тоҷикистон, талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ин соҳа ҳамагӣ ба андозаи 28% қонеъ мегардад.

Айни замон 19 корхона ба истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ машғуланд, ки корхонаи паррандапарварии “Мурғи Хуросон” дар вилояти Хатлон яке аз корхонаҳои нав дар ин соҳа аст. Корманди корхонаи мазкур Лутфулло Зикиров дар гузориши телевизионӣ изҳор доштааст, ки назди ҳайати кормандони корхона вазифа гузошта шудааст, ки ба поин бурдани арзиши маҳсулот ноил гарданд.

“Дар корхонаи мо беш аз 50 ҳазор сар мурғ парвариш ёфта, шабонарӯзӣ 20-25 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Талабот зиёд аст. Айни замон дар фикри ноил гардидан ба поин бурдани нарх ва мутаносибан арзиши тухмем”, - иброз доштааст ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.