Тоҷирони тоҷик ҳамтоҳои покистонии худро ба густариши савдо ва ба ин васила ноил гардидан ба афзоиши даҳкаратаи муомилоти моли дуҷониба даъват карданд.

Сармоягузорон ва тоҷирон аз Тоҷикистон ба пешниҳодҳои ҳавасмандсозии сарвазири Покистон Имрон Хон, ки барои афзоиши савдои дуҷониба то ҳаҷми 500 млн. доллар кумак мекунанд, таваҷҷуҳ доранд, хабар медиҳад нашрияи покистонии The Express Tribune.

Дар бораи хоҳиши рушди тиҷорат ва савдо бо Покистон роҳбари Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов изҳори назар кардааст.

“Тоҷикистону Покистон баҳри густариши савдо, таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузориҳо дар бахшҳои гуногун имкониятҳои зиёд доранд”, - иброз доштааст Раҷабов дар Исломобод зимни вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратии Покистон.

Ӯ аз тоҷирон ва сармоягузорони Покистон даъват кардааст, ки дар пешбурди манфиатҳои худ бо ҳамтоёни тоҷики худ фаъолтар бошанд, зеро баҳри роҳандозии ҳамкориҳои судманд байни кишварҳо дар самтҳои гуногун имконият зиёд аст.

Раҷабов таъкид доштааст, ки Покистон ба Тоҷикистон молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла мебел, қанд, маснӯоти саноати дӯзандагиву бофандагӣ ва семент содирот карда метавонад. Ӯ аз ширкатҳои содиркунанда дархост намудааст, ки аз ин имконот пурсамар истифода кунанд.

“Сармоягузорон аз Чин ва дигар кишварҳо дар бозори Тоҷикистон фаъолона кор мекунанд”, - гуфтааст ӯ ва илова намудааст, ки сармоягузорони Покистон низ бояд дар бозори Тоҷикистон фаъол бошанд, то ки ба бозори бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ дастрасии беҳтар пайдо кунанд.

Мувофиқи маълумоти расмии омории Тоҷикистон, соли 2018 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Покистон 62 млн. долларро ташкил дода, зиёда аз 52 млн. доллари он ба воридоти маҳсулот аз Покистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.