Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодексҳои андоз ва гумрук ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Карим Гулмуродзода изҳор дошт, ки дар тағйироту иловаҳо озод кардани воридоти ашёи хом ба кишвар барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Ин муқаррарот ба ашёи хоме, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, дахл надорад.

Руйхати пурраи ашёи хомеро, ки воридоташ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мешавад, ҳукумати Тоҷикистон таҳия мекунад.

Бино ба гуфтаи Гулмуродзода, мавҷуд набудани баъзе аз навъҳои ашёи хом дар дохили ҷумҳурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ мушкилот пеш меорад ва тағйироту иловаҳои қабулшуда бо мақсади ҳаллу фасли ин масъала қабул шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.