Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз аксияи “Соли нав - Иқдоми нав” натиҷагирӣ кард. Беш аз 540 нафар ба ҷоизаҳо довталаӣ намуда, 12 нафар ғолиб омаданд. Ғолибон санаи 3 апрели соли 2019 дар барномаи субҳгоҳии пахши мустақими радиои “Азия-Плюс” муайян карда шуданд.

Маросими супурдани ҷоизаҳо рӯзи 8 апрел дар дафтари асосии кории Бонки байналмилаии Тоҷикистон бо иштироки раҳбарият ва кормандони бонк, ғолибон ва намояндагони ВАО баргузор шуд.

Бурдҳоро дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони аксия муовинони раиси Раёсати Бонк Орзу Алиев ва Дилафрӯз Холиқова тақдим карданд.

Роҳхати сайру саёҳат ба Дубай насиби сокини шаҳри Турсунзода Алишер Каримов шуда,  сокини шаҳри Душанбе Зувайдулло Шафиев ба IPhone XS соҳиб гардид. Ба сокини шаҳри Хуҷанд Мирзоаслиддин Ёқубов LED телевизори Samsung тақдим шуд. Боз 9 ҷоизаи дигари арзишманд ба дигар ғолибон супурда шуд.

Ба гуфтаи мутахассиси маркетинги Бонки байнулмилалии Тоҷикистон Озар Самадов, ҳадаф аз баргузории аксия дастгирии аҳолии ҷумҳурӣ тавассути пешниҳоди қарз ба онҳо бо меъёрҳои пасти фоизҳо аст, то ки ҳар кадоме аз ғолибон натанҳо мушкилоти маишии рӯзгорашро ҳал карда тавонад, балки ба рушди тиҷорати шахсиаш низ имкон пайдо кунад.

Имрӯз дар саросари кишвар 7 филиал ва 4 маркази хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.