Тоҷикистон ҳамасола то моҳи сентябр бояд ҳаҷми дархостмешудаи маҳсулоти нафтиро аз Русия, ки соли минбаъд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мешавад, муайян ва ба Русия пешниҳод кунад.

Дар ин хусус дар тағйироти воридшуда ба созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, ки зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сурат гирифт, сухан меравад.

Дар тағйироту иловаҳо қайд мешавад, ки Тоҷикистон то 5 сентябри ҳар соли тақвимӣ бояд ба Русия пешниҳодҳоро оид ба муайян кардани товозунҳои индикативӣ барои соли ояндаи тақвимӣ пешниҳод созад.

Мақомоти салоҳиятдори кишварҳо то санаи 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилӣ дар Тоҷикистонро барои соли минбаъда мувофиқа ва тавозунҳои индикативиро ба имзо мерасананд.

Ғайр аз ин, ҳамасола то 15 ноябр ба ҷониби Русия бояд дар бораи иҷрои тавозунҳои индикативӣ давоми 9 моҳ ва эҳтимоли иҷрои онҳо дар давраи соли ҷории тақвимӣ маълумот дода шавад.

Ҳаҷми маҳсулоти нафтиеро, ки барои соли ҷорӣ бе боҷ интиқол дода мешавад, ҷонибҳо то 20 август бо назардошти дигаргун шудани вазъи истифодаи дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тағйир дода метавонанд.

Ин ҷо доир ба интиқоли бебоҷи аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ, мазут, битум, гази моеъ, кокси нафтӣ ба Тоҷикистон сухан меравад.

Дар тавозуни индикативии ҳамасола байни ҷонибҳо мувофиқамешуда маъмулан беш аз 35%-ашро бензин, 25%-ро сӯзишвории дизелӣ, 10%-ро сӯзишвории авиатсионӣ ва боқимондаро дигар маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад.

Тағйироту иловаҳо ба созишнома аз ҷониби ҳукумати Русия маъқул шуморида шуда, барои мувофиқа ва имзо ба мақомоти энергетикии ҳарду кишвар фиристода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамасола аз Русия интиқоли то 1 млн. тонна маҳсулоти нафтиро бе пардохти боҷи содиротӣ дархост мекунад, лекин ҳатто нисфи онро ҳам гирифта наметавонад.

Масалан, тибқи маълумоти оморӣ, бо ин василаи имтиёзнок соли гузашта Тоҷикистон аз Русия ҳамагӣ наздики 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ гирифтааст.

Ҳамчунин зикр мебояд кард, Тоҷикистон ба фурӯхтан ё интиқоли маҳсулоти нафтии тариқи имтиёзнок аз Русия воридшуда ба кишварҳои сеюм ҳуқуқ надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.