Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус дар Минск вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо пурсамар ҷараён дорад.

“Тракторҳои МТЗ-и дар корхонаи муштарак васлу насбшуда аллакай дар заминҳои Тоҷикистон кор карда, ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти беҳбуди вазъи тухмипарварӣ ва зотпарварии чорво низ дар ҳоли густаришанд”, - қайд кардааст вазир.

Бино ба гуфтаи Иззатулло Сатторӣ, Тоҷикистон ният дорад, ки бо олимони Беларус дар самти парвариши растаниҳои ба гармӣ ва хушкиҳо тобовар ҳамкориҳоро тақвият бахшида, онро дар Тоҷикистон ба роҳ монад.

Вазир ҳамчунин хабар дод, ки корхонаи муштараки коркарди шири Тоҷикистону Беларус аллакай моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.

Тибқи маълумоти хабаргузории беларусии БелТА, вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус Анатолий Хотко дар навбати худ зикр кардааст, ки “самтҳои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мушаххаст аст, ки аз соҳаи мошинсозӣ, бахши кишоварзӣ, тиб ва фарҳанг иборат аст”.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Беларус 37,4 млн. долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.