Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикон ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд “Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон”-ро доир намуд.

Вохӯрии мазкур санаи 29 апрел дар дафтари кории Бонки аврупоии таҷдиду рушд баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгири махсуси Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ҳамчунин дигар муассисаҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва БАТР ширкат варзиданд.

Сурат: Вазорати молияи ҶТ

Гурӯҳ моҳи марти соли 2019 таъсис ёфта, рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи заминаи дахлдори ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили зербинои бозор ва ҳаллу фасли дигар масоили тадорукотии вобаста ба ин масъала аз ҷумлаи вазиафҳои асосии гурӯҳи корӣ мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои кори гурӯҳи мазкур бозори дохилӣ ташкил гардида, баҳри рушди бозори сармоя тадбирҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.

Дар назар аст, ки бозор сарчашмаи муътамади маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон шуда, ба устувории молиявии он ва рушди мунтазам тариқи истифода густардаи асъори миллӣ муоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.