Айни замон дар Тоҷикистон 10 лоиҳа оид ба сохтмон ва таъмиру навсозии зербинои роҳҳои автомобилгард мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда беш аз 575 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Лоиҳаҳо аз ҳисоби қарзҳои ҷалбшуда (наздики 60% аз маблағи умумӣ), грантҳо (беш аз 30%) ва ҳамчунин ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон (наздики 10%) татбиқ шуда истодаанд. Аз оғози амалисозии лоиҳаҳо аз ҷониби ширкатҳои паймонкор зиёда аз 200 млн. доллар аз ин маблағ азхуд шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, айни замон корҳои таъмиру навсозии роҳҳои Душанбе – Турсунзода - марзи Ӯзбекистон (қитъаи роҳ аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе), Душанбе – Бохтар (марҳилаи аввал), Восеъ – Ховалинг, Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, Хуҷанд – Исфара ва Конибодом – Патар ҷараён дорад.

Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб (қитъаи Кӯлоб – Ш.Шоҳин, Шкев – Қалъаи Хумб), ҳамчунин сохтмони пулу нақбҳо дар роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, айвончаҳои зиддитармавӣ дар роҳи Душанбе – Чанок идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.