Қаламрави Тоҷикистони муосир аз замонҳои қадим яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Роҳи бузурги Абрешим маҳсуб меёбад, гуфтааст дар мусоҳиба ба нашрияи «Жэньминь жибао»-и Чин вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

“Бо мавқеи ҷуғрофӣ дар гузариши роҳҳои маъруфи тиҷоратии Шарқу Ғарб, дар савдои байнулмилалӣ ва рушди муносибатҳои чандинасра байни кишварҳои Авруосиё Тоҷикистон нақши муҳим дошт”, - қайд кардааст вазир.

Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, иқдоми эҳёи Роҳи Абрешим ба Тоҷикистон хеле наздик аст. Ӯ таъкид доштааст, ки тасодуфӣ нест, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда ташаббуси роҳбари Чин “Як камарбанд, як роҳ”-ро дастгирӣ намуд.

“Мо ба ташабуси Чин баҳои баланд дода, бар ин назарем, ки барои Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи баромад надошта, дорои захираҳои бузурги табиӣ аст, амалисозии ин лоиҳаи бузург хеле муҳим мебошад”, - иброз доштааст ӯ.

Сармоягузори бузургтарин

Ҳикматуллозода зикр кардааст, ки тайи солҳои охир ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши сармоягузорӣ босуръат дар ҳоли рушд қарор дошта, имрӯз Чин сармоягузори бузургтарин ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

“Танҳо дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, таъмиру бунёди роҳу пул ва нақбҳо дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 70 корхонаҳои муштарк бо Чин фаъолият доранд”, - қайд кардааст ӯ.

Бино ба гуфтаи вазир, аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷии андӯхташудаи Тоҷикистон 35%-аш ба Чин рост меояд.

“Садҳо миллион доллари ширкатҳои Чин ба рушди саноати кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёт, саноати дӯзандагӣ ва бофандагӣ, истеҳсоли семент, бахши кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо сармоягузорӣ шудааст”, - таъкид доштааст ӯ.

Ҳикматуллозода қайд кардааст, ки танҳо давоми ду соли охир амалисозии 10 лоиҳаи муштарак, аз ҷумла сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, навбати аввали маҷмааи ресандагӣ ва бофандагӣ (текстил)-и “Чунтай”, корхонаи металлургӣ, корхонаи истеҳсоли сементи “Хуаксин Ғаюр-Суғд Семент”, роҳи оҳани “Ваҳдат - Ёвон”, корхонаҳои истеҳсоли алюминии фторит ва криолит, таъмиру навсозии хати баландшиддати барқи 500кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ғайра ба анҷом расидааст.

“Айни замон ҷонибҳо ҳамроҳ татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимро идома медиҳанд, аз ҷумла лоиҳаи бузурги сармоягузории Чин дар Тоҷикистон - лӯлаи гази “Осёи Марказӣ - Чин (хати Д.). Масофаи шохаи чоруми лӯлаи газ тариқи қаламрави Тоҷикистон 400 километрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин амалисозии лоиҳаҳои сохтмони навбати дуюми маҷмааи ресандагӣ ва бофандагии “Чунтай”, минақаи саноатӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, бахши кишоварзӣ ва дигар лоиҳаҳо идома доранд”, - гуфтааст вазир.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.