Санаи 17 апрели соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Россия Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонидашудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Россия ("Долони соддагардонидашудаи гумрукӣ") ба имзо расид.

Дар замима ба созишномаи баимзоасида молҳое зикр мешаванд, ки объекти созишнома ба шумор мераванд.

Аз ҷумла инҳо иборатанд аз:

- Сабзавот ва баъзе бехмеваҳо ва муғҷа-меваҳои хӯрданибоб;

- Меваҳо ва мағзҳои хӯрданибоб; пӯст ва пӯстлохи ситрусӣ ё харбуза;

- Чормағзи заминӣ, бирёнкарданашуда ё бо тарзи дигар тайёр кардашуда, пӯсткандашуда ё пӯстканданашуда, майдакардашуда ё майда карданашуда;

- Маҳсулоти коркардшудаи сабзавоту мева, мағзи чормағз ё дигар қисмҳои растаниҳо;

- Маҳсулоти ғизоии гуногун.

Мувофиқи шартҳои санад, шахсоне, ки дар расмиёти долони соддагардонидашудаи гумрукӣ иштирок мекунанд, ба чанде аз бартариятҳо соҳиб мешаванд.

Масалан, афзалият дар маҳалли барасмиятдарории гумрукӣ дар муқоиса бо дигар шахсоне, ки иштирокчии долон набуда, барасмиятдарории гумрукиро дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин дар суръатбахшии расмиёти гумрукӣ, ба ҳадди ақал расонидани шакл ва дараҷаи назорати гумрукӣ дар асоси таҳлили иттилоот оид ба молҳо дар доираи системаи идоракунии таваккал низ афзалият дода мешавад.

Зикр мегардад, ки муқаррароти долони соддагардонидашудаи гумрукӣ барои ҳамаи намудҳои нақлиёт (бо молҳои мавриди амал қарордошта дар долон) татбиқ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.