Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба низоми пардохти BLIZKO иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот (Федератсияи Русия), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дод.

Гуфта мешавад, идораи низоми пардохт муваззаф шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ нисбати ташкилоти номбурда сабти дахлдор ворид намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон, НП «BLIZKO» бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба амалигардонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб бо 3 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, фаъолияти худро дар самти интиқоли маблағҳо идома дода истодааст.

Ҳамин тариқ, айни замон феҳристи оператори низоми пардохт дар Тоҷикистон аз 12 оператор иборат аст.

То BLIZKO низомҳои пардохти «Корти миллӣ», «Вестерн Юнион», Visa, Mastercard, «Золотая Корона», CONTACT, ЮНИСТРИМ, «Осон», «Атласпэй», Express Pay ва «НАРОДНАЯ» иҷозатномаи Бонки миллиро гирифта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.