Воҳидҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои таъмиру навсозӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомбилгард беш аз бист адад техника ва таҷҳизоти нав гирифтанд.

Таҷҳизот ва техника дар доираи лоиҳаи мавриди амалишавӣ қарордошта бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дода шудааст.

Дар доираи лоиҳаи “Харидории таҷҳизот ва техника  барои нигаҳдории роҳҳо” 23 адад техника харидорӣ шудааст.

“Дар лоиҳа ба сурати умум харидории беш аз 80 адад таҷҳизот ва техника пешбинӣ мешавад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёт.

Таҷҳизоту техника байни корхонаву муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад.

Барои амалисозии ин лоиҳа БАТР беш аз 5,2 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Нисфи ин маблағ бар асоси кумаки бебозгашт ва боқимонда ба сифати қарзи имтиёзнок ҷудо мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, то оғози семоҳаи дуюми ҳамин сол наздики 790 ҳазор доллар (15%) аз ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа азхуд шудааст.

Зимни тасдиқи созишнома бо БАТР дар палатаи поёнии парлумон раҳбарияти Вазорати нақлиёт изҳор дошта буд, ки беш аз 80 техникаи нигаҳдории роҳҳо, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёт мебошанд, аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ мерос монда, корношоям шудаанд ва таъмиру истифодабарии минбаъдаи онҳо ғайриимкон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.