Ба ҳаёт ва некӯаҳволии беш аз 70 млн. нафар аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ хатари офатҳои табиии харобиоваре аз қабили заминларза, обхезӣ, тармаву селфароӣ таҳдид мекунанд, зикр кардаанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, зарари оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон назаррасанд.

Гуфта мешавад, давоми солҳои 1992-2016 зиёни иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1,8 млрд. долларро ташкил дода, қариб 7 млн. нафар аз ин офатҳо осеб дидаанд.

Мувофиқи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ оид ба заминларза ва обхезӣ, ба ҳисоби миёна талафоти солона аз обхезӣ то ба 1,4%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аз заминларза - то 5% расида метавонанд.

Қайд мешавад, ки дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузории стратегӣ баъди офатҳо таҳия мешавад, ки ба ҳукумат дар беҳбуди тарҳрезии молиявӣ барои офатҳои табиӣ кумак мекунад.

Барои амалисозии ин лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 50 млн. доллар маблағ ҷудо карда, дар он таҷдиди кори марказҳои идорвкунии вазъҳои буҳронӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин он ба баланд бардоштани имконоти  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар арзёбии дақиқтари хатари офат, дастгирӣ ба омода кардани стратегияи ҳифзи молиявӣ барои сабуктар сохтани оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.